Роҳбарияти Шуъбаи-1 ВКД дар шаҳри Исфара бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки метавонад дар пешгирии ҷинояткорӣ мусоидат намояд байни дӯстдорони бозии футбол мусобиқаи варзишӣ ташкил намуд. Мусобиқаи мазкур бахшида ба «Рӯзи милитсия» давоми як ҳафта ҷараён гирифт. 12 даста аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои маркази шаҳри Исфара барои ба даст овардани «Ҷоми мақомоти корҳои дохилӣ» байни ҳам сабқат намуданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоён ва сардори Шуъбаи-1-и ВКД дар шаҳри Исфара генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода иштирок намуда, варзишро тарғибгари дӯстӣ, омили нигоҳдорӣ ва барқарорсозандаи саломатӣ унвон карда, ба дастаҳои иштирокчӣ барои рақобати солими варзишӣ барор хостанд.
Ҳайати дастаҳо ҷавонони варзишдӯст ҷиҳати нишон додани маҳорати футболбозӣ вориди майдон шуданд. Ташкилкунандагон баҳри ҳавасмандии ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа дар баробари Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ барои ишғоли се зинаи ифтихорӣ мукофоти пулӣ гузоштанд. Ҷойи якум 3 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2 000 сомонӣ ва мақоми сеюм 1 000 сомонӣ.
Тавре дар рафти мусобиқа аён гашт сокинони гуногунсинни шаҳри Исфара ба бозии футбол майлу рағбати зиёд дошта ташкили мусобиқаро хуш қабул карданд.Ҳамин тавр дастаи футболбозони «1988» аз маркази шаҳри Исфара нисбати дигар дастаҳо бартарият нишондода ҷойи аввалро соҳибӣ кард. Дастаи ҷавонони футболбози «Кӯлканд»-и ҷамоати деҳоти Кӯлканд зинаи дуюм ва дастаи «Чилгазӣ» мақоми сеюми мусобиқаро ба номи худ сабт карданд.
Маросими ҷоизасупори бо иштироки раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода баргузор гашт ва дастаҳои ғолиб бо туҳфа ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ шуданд. Ҳамзамон ба маҳорати инфиродии варзишгарон дар алоҳидагӣ баҳо доданд. Дарвозабон, ҳимоятгар, ҳамлагар ва бозингари беҳтарини мусобиқа низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд. Ҳайати ҳакамон дастаи футболи «Дӯстӣ»-ро, ки ҷавонони футболбози маркази шаҳр дар ҳайати он бозӣ мекарданд дастаи боинтизоми мусобиқа эътироф карданд.
Баргузор намудани чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама имконият медиҳад, то ин ки таваҷҷуҳи сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонӣ бештар шавад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>