Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд дар СХДО

1178

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар тамоми ҷузъу томҳо ба онҳо тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидаанд.
Вобаста ба ин, бо мақсади такмили тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, тарғиби ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони лаёқатманд ва бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 5-ум то 18-уми ноябри соли равон дар варзишгоҳи СХДО ВКД, аз тарафи Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат мусобиқаи футболи хурд дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи футболи хурд 14 даста иштирок намуданд.
Ғолибони мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои ба дастоварда, аз тарафи ҳайати доварон, ки роҳбарии онро подполковники милитсия Шариф Шарифзода ба уҳда дошт, муайян намуданд, ки ҷойи аввалро дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик», ҷойи дуюмро дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷойи сеюмро дастаи қисми мустақили 27-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.

11791180

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Назарзода Худойқул Бурӣ ба ғолибони мусобиқа ва иштирокчиёни фаъоли он дипломҳои дараҷаи 1-ум, 2-юм ва 3-юм, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика