Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии динамочиёни наврас дар мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ

864

Варзишгарони аъзои дастаи «Динамо» ҳафтаи гузашта дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ аз намудҳои варзиши кикбоксинг ва муайтай иштироки фаъолона намуда, чандин мақомҳои ғолибиятро ба даст оварданд.
6 нафар варзишгарони навраси динамочӣ дар мусобиқаи аз намуди кикбоксинг, ки санаи 8 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор гардид, ба медалу ифтихорномаҳо сазовор гардиданд. Ҳамин тариқ, Фарид Муродов дар вазни 26 кило, Алиҷон Солеҳов дар вазни 33 кило ва Билол Аминов дар вазни 44 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гаштанд. Ҳамчунин, Абдулло Маҷидов дар вазни 27 кило, Юсуф Сафаров дар вазни 30 кило ва Назрихуҷа Сафаров дар вазни 42 кило ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 10 даста бо теъдоди беш аз 120 нафар варзишгарони наврасу ҷавон ширкат доштанд.
Варзишгарони ҷавон бошанд, дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайтай-тай, ки дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, соҳиби се медал гардиданд. Динамочиён Абдуносир Муҳаммадиев дар вазни 51 кило ба ишғоли мақоми аввал мушарраф гашта, Аҳмад Абдураҳмонов дар вазни 35 кило ва Комров Сабзаков дар вазни 54 кило сазовори ҷойҳои дуюм ва медали нуқраи чемпионат гардиданд.

865866867

Варзишгарони зикргардида зери дастпарварии мураббии ботаҷрибаи аъзои ШҶ «Динамо» Фазлиддин Шоев машқу тамрин намуда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дарпешистода омодагӣ мебинанд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика