Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаю идораҳо

847

Дар доираи мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» зери шиори «Милитсия – ҳомии ҷомеа!» мусобиқаҳои футболи хурд байни ҷавонон ва собиқадорон давом доранд.

848849850

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мусобиқаҳо аз 4 ноябри соли 2020 оғоз ёфта, то санаи 4-уми декабр идома меёбанд. Макони баргузорӣ толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи байни футболбозони ҷавон 25 даста ҷамъ омада, онҳо дар 4 гурӯҳ бо ҳам рақобат доранд. Дар байни собиқадорон бошад, 12 даста дар 2 гурӯҳ бозӣ мекунанд.
Санаи 9-уми ноябри соли ҷорӣ, бозиҳои байни дастаҳои «Динамо-1»-и ВКД ва «Барқи Тоҷик» бо ҳисоби 10:2 ба фоидаи динамочиён анҷом ёфт. Дар бозии собиқадорон низ дастаи «Динамо» дастаи «Зуҳур»-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохт. Ҳамчунин, дар бозии байни дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бозингарони Ҳукумати шаҳр бо ҳисоби 8:4 ғолиб омаданд.
Аз ҷараёни мусобиқаи футболи хурд иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика