Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

829

Бо мақсади рушди варзиш, таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони касбу кори гуногун, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии дарпешистода аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 ноябри соли 2020, дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ, бахшида ба таҷлили «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» мусобиқаи шашка ва шоҳмот доир карда шуд.
Мусобиқаи мазкур дар доираи мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни кормандони (байни бонувон ва мардҳо дар алоҳидагӣ) мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ - 2020» зери шиори «Милитсия – ҳомии ҷомеа!» баргузор гашт.
Дар мусобиқа дар умум беш аз 100 нафар шашкаю шоҳмотбозони беҳтарини вазорат, ташкилоту корхона ва идораҳои мухталиф дар ҳайати 18 даста ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии ФИДЕ гузаронида шуд. Сардоварии мусобиқа ба зиммаи раиси Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе, довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот Илҳомҷон Юнусов вогузор шуда буд.
Аз натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибони мусобиқаҳо муайян шуданд. Ҳамин тавр, дар мусобиқаи шашка байни мардҳо ҷойи аввалро Эраҷ Зоидов намояндаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ҷойи дуюму сеюмро намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Сиддиқ Муборакиён ва Комрон Миразоров ба даст оварданд. Дар ин намуди варзиш миёни бонувон мақоми аввалро Сулҳия Ақдодова корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаҳои дуюму сеюмро Лола Исмоилова намояндаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Шодигул Маҷидова аз Вазорати мудофиаи кишвар соҳиб гардиданд.

830831832833834

Дар сабқати шоҳмот миёни мардҳо Алишер Каримов аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи аввал ва варзишгарони аъзои дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Муҳаммад Юнусов ва Ҷалолиддин Илҳомӣ ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин, дар байни бонувони шоҳмотбоз бошад, Сабрина Абророва намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ мақоми аввал, Азмина Миралибекова аз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Фарзона Бобоева намояндаи Донишкадаи «Миссис» ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
Аз ҳисоби даставӣ дастаи варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи аввал, Вазорати корҳои дохилӣ мақоми дуюм ва дастаи Вазорати нақлиёт ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.
Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика