Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии ҷавонони ноҳияи Дарвоз дар чорабинии муштараки фарҳангӣ-варзишӣ

754

“Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020” пас аз шаҳри Хоруғ ҳаракати худро идома идома дода, санаи 20-уми октябри соли 2020 ба ноҳияи Дарвози ВМКБ расид.

Чорабинии муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмааи варзишии “Авесто-Арена”-и ноҳия, ки дар ҳудуди деҳаи Даштак воқеъ аст, баргузор гардид.
Ташкилкунандагони чорабиниро ҷавонони ноҳияи Дарвоз самимона, бо як рӯҳия ва ҳисси ватандӯстии баланд, меҳмоннавозии хоси минтақаи кӯҳистон пешвоз гирифтанд.
Пас аз садо додани суруди миллӣ, дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Дарвоз Заррина Мирзозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ба ташкилкунандагони чорабинии зиддимухаддиротӣ аз номи роҳбарияти ноҳияи мазкур изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуби нашъамандӣ, даст задан ба ҷиноятҳои ба он марбут кӯшишҳои якҷояву ҳамоҳангӣ лозим аст, ҷомеа ва оилаи солим маҳз аз интихоби роҳи дурусти ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад.
Дар баромади худ, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохили Аслиддин Шохиён оиди нақши варзиш дар пешгирии ҷинояткорию нашъамандӣ, дастгирию пайвастаи Сарвари давлат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати варзишгарони кишвар, шароитҳои беҳтару хубтар муҳайёшуда барои машғул гардидани ҷавонону наврасон ва дигар қишри ҷомеа ба варзиш ва солимгардонӣ ибрози назар намуд. Варзишгарон ин парчамбардорон ва муаррифгари ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба варзиш худ баёнгари ояндаи дурахшони бе маводи нашъадор гуфтан мумкин аст.
Ҳамчунин, зимни баромади хеш намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники а.н.м.н. Фирӯза Муродзода оиди кӯшишҳои Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа андешаронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки баҳри амалисозии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз ҷониби Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута корҳои назаррасе анҷом дода шуда, дар оянда низ як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда хоҳанд шуд. Нашъамандӣ ин вабои аср буда, ба ояндаи ҷавонон ва умуман мардумони кулли сайёра хатар дорад, мафкураи инсонро хароб сохта, ба саломатии шахс таъсири манфии марговар мерасонад.

755756758

Дар идомаи чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020”, зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем!” тибқи барномаи он, даври ниҳоии мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бандкашӣ баргузор гашт.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи гуштини миллӣ, ки дар 8 вазн миёни ҷавонони мактаби деҳоту маҳаллаҳои ноҳияи Дарвоз доир гардидд, ғолибони он муайян карда шуданд. Барои тамошои рафти мусобиқа мухлисону ҳаводорони бешумори ин намуди варзиши миллӣ ҷамъ омада буданд.
Дар мусобиқа ҷойҳои аввали ифтихориро дар вазни 50 кило Муниси Рустам, дар вазни 55 кило Нуриддини Субҳониддин, дар вазни 60 кило Абубакр Одиназода, дар вазни 62 кило Вазир Вазиров, дар вазни 68 кило Раҷабалии Ҷавҳаршо, дар вазни 70 кило Эмомади Юсуф, дар вазни 75 кило Фирдавс Шарипов, дар вазни 80 кило Қаҳрамон Мансуров ишғол намуданд. Аз ҳисоби даставӣ бошад, варзишгарони дастаи МТМУ №1 ноҳия мақоми аввал, МТМУ №40 ҷойи дуюм ва МТМУ №4 зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи бандкашӣ 6 дастаи ҷавонон ширкат варзида, ҷойи аввалро дастаи ҷавонони деҳаи Даштак, ҷойи дуюмро Қалъаи-Хумб ва мақоми сеюмро дастаи деҳоти Рузвай соҳиб гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқаҳо дар фазои тантанавӣ Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишноки ташкилкунандагони чорабинӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ бо риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ ташкил карда шуда, қабл аз воридшавӣ ба толор аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба иштироккунандагон ниқобҳои муҳофизатӣ ва ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои чорабинӣ тақвимҳои тарғиботии зидди маводи нашъаовар тақсим карда шуданд.

759

Чорабинии муштаракро барномаи консертӣ дар иҷрои ҳунармандони ноҳияи Дарвоз ҳусну тароват бахшида, он дар хеле сатҳи баланд доир гардид.
“Корвони зиддимухаддаротӣ - 2020” айни замон, ба самти ноҳияи Ш. Шоҳини вилояти Хатлон ҳаракат дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов, Т. Латипов, н.Дарвоз-Душанбе-н.Дарвоз




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика