Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корвони зиддимухаддиротӣ дар шаҳри Хоруғ

1119

Чорабинии муштараки “Корвони зиддимухаддиротӣ – 2020”, ки аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои чумхурӣ роҳандозӣ шуда истодааст, кори худро рӯзи 19-уми октябри соли 2020 дар ш. Хоруғ идома дод. 

Чорабинии мазкур дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ доир гардида, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, макомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбию техникӣ, инчунин варзишгарону мухлисони варзиш иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур тахти шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем!”, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи ин чорабинӣ пеш аз ҳама роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир дар ҷомеа мебошад.
Тибқи нақшаи чорабинии мазкур дар толори маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ, байни ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, шашка ва шоҳмот гузаронида шуда, даври нихоии он баргузор ёфт.

112011211122

Қабл аз воридшави ба толор аз ҷониби ташкилкунандагони чорабини ба ҷавонону сокинони ш. Хоруғ тақвими тарғиботии зидди маводи нашъаовар ва бо мақсади чораҳои бехатари аз бемории коронавирус никобҳои муҳофизати тақсим карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур, баъд аз садо додани суруди миллӣ, нахуст муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ба ташкилкунандагони чунин як барномаи зиддимухаддиротӣ аз номи роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд. Зикр карда шуд, ки таъсири манфии ин падидаи номатлуб метавонад, ба тамоми табақаи ҷомеа зарари худро расонад.
Дар баромади худ намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники а.н.м.н. Бозорали Сафарализода иброз доштанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбиру чораҳои зарурӣ меандешад.
Қайд карда шуд, ки “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ ба шумор рафта, Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута ҳамкориҳои самараноки худро дар самти пешгирии нашъамандӣ тақвият бахшида, дар коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир чораҳои судманд андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ муовини аввали Раиси Шурои чумхуриявии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён суханрони намуда, ба варзишгарон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар мусобиқаҳои варзишӣ изҳори сипос намуд.
Қайд карда шуд, ки варзишгарон дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии нашъамандӣ саҳми беандоза доранд. Зеро варзишгарон инъикосгари тарзи ҳаёти солим мебошанд. Бовари аст, аз миёни ҷавонони кишвари мо дар оянда сафи варзишгарони номвари Ватан зиёд гардида, обруи мамлакатамонро дар арсаи байналмилали боз хам баланд хоханд бардошт.
Сипас, даври ниҳоии мусобиқаҳои волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонону ҷавондухтарони шахри Хоруғ чамъбаст гардида, ба ғолибон Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Хамин тариқ, дар мусобиқаи волейбол дар байни ҷавондухтарони ш. Хоруғ, ки 6 даста ширкат доштанд, дастаи волейболбозони МТМУ №8 ҷойи аввал, МТМУ №2 ҷойи дуюм ва МТМУ №9 макоми сеюмро сазовор гардиданд.
Дар мусобиқаи шашка миёни ҷавонон Симик Симиков ҷойи аввал, Фитрат Шайхов макоми дуюм ва Шерали Шейхов зинаи сеюмро ба даст оварданд. Дар ин намуди варзиш миёни ҷавондухтарон Судобаи Фарид мақоми аввал, Нозия Мамадаминбекова ҷойи дуюм ва Аслия Акназарова ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

1124

Дар мусобиқаи шоҳмот миёни ҷавонон Султонназар Худоназаров, ҷойи аввал, Хамроз Айнаминшоев ва Эҳсон Заргаров ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи шоҳмот миёни ҷавондухтарон Нурия Курбоншоева зинаи аввал, Нурия Давлатова макоми дуюм ва Алмира Бахтичамолова макоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Чорабинии муштараки “Корвони зиддимухаддаротӣ - 2020” идома дошта, аз рафти он иловатан иттилоъ хохем дод.
Х. Солиҳов, Т. Латипов, Хоруғ-Душанбе-Хоруғ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика