Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба фаъолият оғоз намудани бахши каратэ-киокушинкай дар ШҶ «Динамо»

731732

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар назди Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ бахши варзишии нав - "каратэ-киокушинкай" ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар ин бахш ба шогирдон мураббиёни ботаҷриба зери роҳбарии мутахассиси соҳа Саидаҳмад Раҳмонзода машқу тамрин медиҳанд. Варзишгарон мутобиқи синну сол ба гуруҳҳои хурдсол, наврас, ҷавонон ва калонсолон тибқи реҷаи озмудашуда ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.
Дастпарварони ин бахши варзишӣ бо истифода аз имконият ва дастовардҳои пешрафтаю муосир, ҳамчунин ҷиҳати иштирок дар чемпионату мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода карда мешаванд.
Киокушинкай яке усулҳои карате мебошад, ки он солҳои 50-уми асри гузашта аз ҷониби устоди карате Масутатсу Оямаи (27.07.1923 – 26.04.1994) ҷопонӣ бунёд ёфтааст. Ин усули варзишӣ бар муқобили мактабҳои зиёди каратеи «бе расиш» таъсис дода шуда, бисёр меҳнатталаб аст. Он оҳиста-оҳиста дар кишварҳои зиёд маҳбубият пайдо намуда, мусобиқаҳои он тамошобинони зиёдеро ба худ ҷалб менамояд.

733734

735

Карате Кёкусинкай — намуди варзиши диданибобу намоишӣ аст. Муроқибатҳои варзишӣ (кумите) бо зарбаҳои дасту пойҳо бе ягон воситаи муҳофизавӣ (тоскулоҳ, дастпӯш ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ) гузаронида шуда, маҳдудияти ягона манъи зарбазанӣ бо даст ба қисмати сар мебошад.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика