Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои гӯштингирони наврас дар мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ

729

Варзишгарони навраси аъзои дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» зери дастпарварии мураббӣ Иззат Худоиев дар мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба гӯштини дзюдо дар байни наврасону ҷавонон, ки санаи 10 сентябри соли 2020 баргузор гардид, ширкат фаъолона варзида, чандин ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Бо ин дастовардашон онҳо ҳамакнун ба мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии ин намуди варзиш роҳхат гирифтанд.
Ҷойҳои аввалро гӯштингирон Абубакр Худоиев дар вазни 30 кило, Лоиқ Қудбиддинов дар вазни 42 кило, Зикриоллоҳ Шарипов дар вазни 50 кило, Муиддин Асадуллоев дар вазни 60 кило, ҷойи дуюмро Аҳлиддин Мақсудов дар вазни 90 кило ва Икром Шамсов дар вазни 38 кило мақоми сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар ин рӯз, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, дастпарвари дигари ШҶ «Динамо» Руслан Мустафиров дар вазни 92 кило зинаи сеюмро ба даст овардааст.
Варзишгарони навраси ШҶ «Динамо» зери роҳнамоии мураббиёни таҷрибадори соҳавӣ пайваста ба машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои намуди варзиши дӯстдоштаи худ машғул буда, боварӣ аст, онҳо минбаъд низ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

730
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика