Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медалҳои варзишгарони «Динамо» дар чемпионати ҷумҳуриявӣ

1028

Ду нафар варзишгарони ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ ширкат варзида, миёни ҳамсолони худ дастболо гардиданд.
Чемпионати мазкур дар доираи Фестивали бозиҳои варзишӣ, бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми сентябри соли 2020 дар толори Қасри варзиши мактаби ҷумҳуриявии таеквондои шаҳри Душанбе (Яккачинор) баргузор гардид. Дар он гӯштингирони бомаҳорати мактабҳои варзишӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, дар ҳайати 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Дар вазни беш аз 100 кило Назриев Шарифҷон Хайруллоевич миёни 16 нафар варзишгарон мақоми аввалро соҳиб гардид. Шарифҷон Назриев дар заминаи бахши гӯштини ШҶ «Динамо» зери дастпарварии Зарифҷон Назриев ба ин риштаи варзиш шуғл дорад.

10291030

Ҳамчунин, аъзои дигари ШҶ «Динамо» Абубакри Акобир дар вазни 100 кило байни ҳамсолони худ ҷойи 1-умро ишғол намуд. Абубакри Акобир таҳти дастпарварии мураббии ботаҷриба Суҳроб Бозоров машқу тамрин менамояд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика