Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои дастаҷамъонаи варзишгарони наврас

 715

Бо мақсади такмили маҳорату малакаи варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ, омӯхтани усулҳои наву пешқадам ва омодагӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои варзишии дарпешистода тавассути машқу тамринҳо варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҳамасола дар машқҳои дастаҷамъонаи намудҳои гуногуни варзиш иштирок менамоянд. Чунин як машқи дастаҷамъона барои дзюдочиёни навраси Динамо бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳи Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур, ки тайи 14-рӯз, аз 7-ум то 20-уми июли соли ҷорӣ идома ёфт, 18 нафар динамочиён ширкат доштанд. Ба варзишгарони наврас аз ҷониби мураббии ШҶ «Динамо» оид ба гӯштини дзюдо устоди варзиш Изат Худоиев машқу тамрин гузаронида шуд. Машқу тамринҳо дар як рӯз се маротиба, саҳари барвақт, пеш аз нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ доир карда шуда, дар он тарзу усул ва дигар нозукиҳои гӯштини дзюдо омӯзонида шуданд. Ҳамзамон, бо истифода аз иқлим ва обу ҳавои мусоиди кӯҳсор ба хислатҳои тобоварии иштирокчиён таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуда, онҳо ба истироҳату фароғат низ фаро гирифта шуданд.

716717718

Бояд зикр намуд, ки як гурӯҳи дигари варзишгарони навраси ШҶ «Динамо» дар машқи дастаҷамъонае, ки таҳти роҳбарии устоди варзиши сатҳи байналмилалӣ Шералӣ Бозоров барои аъзоёни дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо ташкил карда шуд, фаъолона ширкат варзиданд. Ин машқи дастаҷамъона дар ҳудуди деҳаи Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб, тайи 12 рӯз, аз 18-уми июл то 1-уми август баргузор гардида, дар он беш аз 20 нафар варзишгари наврас иштирок намуданд.
Х. Солиҳов,
подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика