Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти бозии волейбол дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ

942

Бозии дӯстона аз намуди волейбол, ки дар байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъол ба ВМКБ сафар карда, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бозиҳои дӯстонаи варзишӣ доир намуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо ин бевосита дӯстиву рафоқат пайдо намудани ҷавонони Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, меҳанпарастӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятию нашъаҷаллоб ба ҳисоб меравад.

943944

Ин бозии дӯстона дар байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷамъбаст гардид.
Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи гурӯҳи ҷавонони фаъоли деҳаҳои Бувед ва Возми ноҳияи Шуғнон бо ҳам рақобат намуда, маҳорати баланди варзиширо аз худ нишон доданд. Муайян гардид, ки ҷавонони деҳаи Бувед дӯстдорони ин намуди варзиш буда, ҳамчун волейболбозони бомаҳорати деҳа ба ҳисоб мераванд. Ин буд, ки ҷавонони ин гурӯҳ дар мусобиқаи варзишӣ ғолиб баромада, сазовори ҷои аввал гардиданд. Ҷои дуюм насиби ҷавонони деҳаи Возм ва ҷои сеюм насиби ҷавонони деҳаи Миденшори ноҳияи Шуғнон гардид.
Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳандозӣ шуд. Бо роҳандозӣ намудани чунин мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгарон аз ин намуди варзиш дар маҳаллаҳо дарёфт мегарданд.

946947945

Баъди ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ доварони мусобиқа, ғолибон ва иштирокдорон бо тӯҳфаҳои арзишнок, медалу Ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Далер Чоршанбе, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика