Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар ВКД

700

Рӯзи 22-юми июли соли 2020 дар варзишгоҳи "Спитамен"-и ВКД бо мақсади рушди варзиши намуди шоҳмот дар ҷумҳурӣ, дар сатҳи баланд доир намудани марҳилаи интихобии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" мусобиқаи оммавӣ-варзишии шоҳмот доир гардид.

Дар он мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ полковник Ориф Ҷӯраев, муовини аввали Раиси ШҶ "Динамо" подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Носиров, намояндагони дигар раёсату идораҳои дахлдор андешаҳои хешро дар мавриди мусобиқаи "шоҳмот" барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" изҳор намуданд.

701702703704

Дар ин мусобиқаи варзишии зеҳнӣ 12 даста бо теъдоди беш аз 100 нафар варзишгар, аз рӯйи се гурӯҳи синну сол, аз ҷумла байни наврасони то 14-сола, ҷавонони аз 15 то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолон аз 30-сола боло (мардон ва занон) иштирок намуданд.
Мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ полковники милитсия Ориф Ҷӯраев зимни баромади хеш зикр намуд, ки бозии шоҳмот дар ҳақиқат нозукиҳои зиёде дошта, аз варзишгар ақлу заковат ва ҳушёриву зиракии зиёдро талаб мекунад. Ҳар як бозӣ метавонад равиши наверо гирад ва ё як қадами саривақтӣ ва ё беҷо тақдири бозиро дар як лаҳза ҳал намояд.
Маҳз ин хосиятҳои шоҳмотбозӣ аст, ки дар даврони Истиқлолияти ҷумҳурӣ он ба марҳилаи нави рушд гузашта, дар баробари дигар намудҳои варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, шароитҳои машғул гардидан ба шоҳмот беҳтару хубтар гардида, ояндаи дурахшонро касб менамояд.
- Вазорати корҳои дохилӣ низ дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим дар ҷомеа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамасола чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, аз ҷумла шашкаю шоҳмот доир карда шуда, ба онҳо, на танҳо кормандони мақомот ва аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо", балки кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ ҷалб мешаванд. Миёни варзишгарони мо аллакай барандаҳои мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо гардида, боварӣ дорем, дар оянда низ сафи онҳо зиёд гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи ҷаҳонӣ меафрозанд, - афзуд баромадкунанда.
Ба иттилои масъулин чунин мусобиқаи оммавӣ-варзишии "шоҳмот" бо ҷалби доираи васеи варзишгарону ҳавасмандон соли дуввум аст, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мегузарад ва чор марҳиларо дар бар мегирад.
Фарқи асосӣ аз даври соли гузашта дар ҷудо намудани ҳавасмандон аз нафарони касбӣ мебошад, ки баҳри боз ҳам ҷолиб гузаштани сабқат мусоидат хоҳад намуд.
Бояд беҳтаринҳо барои даврҳои минбаъда, ки дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузаранд, муайян ва омода карда шаванд. Ғолибонро ҷоизаҳои омоданамудаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ интизоранд. Ин ҳама, барои ҳавасмандонии варзишгарон, баҳри оммавигардонӣ ва пешрафту нумӯи шоҳмот дар кишварамон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар байни наврасон ҷойҳои намоёнро варзишгарони аъзои дастаи "Динамо" - Садриддини Хисрав, Амирҳамза Сӯҳробзода, Абдулло Худойназаров, Ҷалолиддин Илҳомӣ, Сабрина Абророва ва Нозанин Хисравзода ишғол намуданд.
Дар сабқат миёни ҷавонон бошад, Суфӣ Наҷмиддинов, Фарҳод Ойев, Нозимҷон Тӯйчиев, Муҳаммад Юнусов ва Марям Илҳомзода ғолибиятро соҳиб гаштанд.

705706707708

Дар байни варзишгарони калонсол Саъдулло Холмадзода, хизматчии Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД ҷойи аввал, Худойназар Асоев, аз Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҷойи дуюм ва Ҷумъахон Ҳабибзода, намояндаи Воҳиди махсуси ВКД мақоми сеюми мусобиқаро аз худ намуданд.
Дар байни бонувони ин синну сол бошад, Адолат Бухоризода, корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ҷойи аввалро ишғол намуд.
Дар ҳисоби даставӣ тими Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД (бо роҳбарии сардори даста Д. Раҳмонзода) ғолиб ва Ҷомро сазовор гаштанд.
Шоҳмот таърихи хеле куҳан дошта, пайдоиши онро кишвари Ҳиндустон медонанд. Пас аз паҳн гаштани он дар қаламрави давлатҳои қадими форсу тоҷик он боз ҳам рушду нумӯъ карда, на танҳо дар сатҳи дарбор, балки миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубият пайдо мекунад. Оид ба шоҳмот дар асарҳои олимону мутафаккирони ниёгони мо бисёр қайд гардида, мавқеи хосаро дорад.

709

Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз доирнамоии мусобиқаи мазкур рушду тарғиб ва оммавигардонии варзиши намуди шоҳмот дар ҷомеа, муайян ва сафарбар намудани варзишгарони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати иштирок дар марҳилаҳои минбаъда, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, таҳкими робитаҳои дӯстию рафоқат, муттаҳидию якдилӣ, такмили маҳорат ва зеҳну дониши кормандону варзишгарони ШҶ "Динамо" мебошад.

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Хусрав СОЛЕҲОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика