Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои ҷолиби варзишӣ байни ҷавонону наврасони Кӯлоб

686

Санаи 18.07.с.2020, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси калон ва рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни ҷавонону наврасони минтақаи Кӯлоб барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Ободии диёр – мароми мост!» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур, дар умум 30 дастаи варзишӣ, 200 нафар варзишгари ҷавону наврас ва беш аз 350 нафар мухлисон иштирок доштанд. Дастаҳои варзишӣ ва варзишгарони инфиродӣ аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Ҳамадонӣ иборат буданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ баромад намуданд.

687688

Зимни суханрониаш муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ҳамагонро аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати ҷашни муҳими дарпешистода – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба варзишгарони ҷавону наврас бурдборию муваффақиятҳо таманно намуд. Мавсуф қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Имрӯз бошад, шурӯъ аз пагоҳӣ дар шаҳри Кӯлоб ва навоҳии он ҳашари дастаҷамъона доир гардида, сокинон дар корҳои ободонию созандагии маҳалли худ саҳми босазои худро мегузоранд. Бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ барои беҳдошти вазъи обтаъминкунии минтақа кандани чоҳҳои амудӣ оғоз ёфтанд. Вобаста ба вазъи хатари бемории сироятии коронавирус корҳои таъмизкунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр вусъат доранд. Дар доираи ҳамин чорабиниҳо бо риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус баъди танаффуси муайян бори аввал чорабиниҳои солимгардонӣ, дави умумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд, ки умед дорем, вазъият дар оянда боз ҳам хубтар шуда, чунин чорабиниҳо баҳри интихоби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию рафиқӣ, сулҳу субот, якдилию муттаҳидии мардум бештар ташкил ва гузаронида хоҳанд шуд.
Сипас, муовини сардори Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён баромад намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои дастгирӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани чунин чорабиниҳои муфиди ҷамъиятӣ аз номи роҳбарияти мақомоти мазкур ва сокинони шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд. Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо барои пешрафту ободӣ, тансиҳатӣ ва сарҷамъии махсусан насли ҷавону наврас мусоидат хоҳад кард.

689690691692693694

Мусобиқаҳои варзишӣ хеле ҷолибу рангин доир гардида, дар байни ҷавонону наврасон ва ҳатто хурдсолон чеҳраҳои нави варзишӣ дида мешуданд. Ҳар яке кӯшиш ба харҷ медод, ки ғолиб ояд. Барои дастгирию ҳаводории онҳо волидайн, ёру рафиқ ва дӯстонашон омада буданд.
Аз натиҷаи қувваозмоиҳо ҳакамон ғолибони мусобиқаро муайян намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ Ҷом, диплом, ифтихорномаҳо, медалҳои дараҷавӣ, сипоснома, маблағи пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста иштирок намуда, ҷойи аввалро дастаи Мактаби варзишии №4 ш.Кӯлоб, ҷойи дуюмро дастаи «Равшан»-и ш.Кӯлоб ва ҷойи сеюмро дастаи «СССР» ишғол намуданд. Дар мусобиқаи зикргардида, ҳамчунин бозингари беҳтарин Диловари Хуршед аз дастаи «Равшан», ҳамлагари беҳтарин Юсуф Ҳасанов аз дастаи «Боғи фарҳангӣ», дарвозабони беҳтарин Анушервон Ҳакимов аз дастаи «СССР» ва нишонзани беҳтарин Алиҷон Раҳмонов аз дастаи «Чорбоғ» дониста шуданд.
Дар мусобиқаи тенниси калон байни ҷавонону наврасон ҷойи аввалро Атохуҷа Хоҷаев, ҷойи дуюмро Комил Зарипов ва зинаи сеюмро Абдулмаҷид Хоҷаев ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз байни наврасон ҷойи якумро Фирдавс Маҳмадзода, ҷойи дуюмро Муҳаммадато Раҷабов ва зинаи сеюмро Муҳаммадҷон Денпанаев ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа миёни наврасдухтарон ҷойи якумро Марям Бодурова, ҷойи дуюмро Осинот Латипова ва ҷойи сеюмро Сумая Муродова соҳиб гардиданд.
Мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот низ иштирокчиёну ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намуд. Дар мусобиқаи шашка аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷойи аввалро дастаи варзишии н. Ҳамадонӣ, ҷойи дуюмро дастаи Мактаби варзишии ш.Кӯлоб ва зинаи сеюмро Муассисаи таҳсилотии ииловагии ш.Кулоб ба даст оварданд. Аз рӯи ғолибияти инфиродӣ миёни ҷавонон ҷойҳои ғолибиятро Сӯҳроб Сафарзода, Фирӯзи Наврӯз ва Исмоил Ҳаитов, байни ҷавондухтарон Дилафрӯзи Баҳодур, Лоларухи Абдусаттор, Шукронаи Баҳодур ва байни наврасон Сумая Ашурова, Иброҳим Раҳимов ва Лола Исмоилова мутаносибан ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот ғолибони инфиродӣ миёни ҷавонон Замони Бозоралӣ, Нуриддин Ҳабибулло, Фахриддини Фарҳод, байни ҷавондухтарон Адиба Назарова, Замира Азимова, Мубораки Зайдулло ва байни наврасон Бузургмеҳр Боқиев, Санам Мадаминова ва Насимҷон Давлатов дониста шуданд.

685695696697698699

Ҳамчунин, зимни баргузории чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ дар Боғи мазкур ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Пешоҳанг» аксияҳои тақдими шириниҳо ва яхмос ба наврасону хурдсолон, инчунин ниқоби муҳофизатии ройгон доир карда шуд, ки иштирокчиён аз ин иқдом бениҳоят хурсанд гардиданд.
Бегоҳи ҳамон рӯз бошад, дар майдони марказии шаҳр барои сокинони шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҳунармандони маъруфу шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланд доир карда шуд.
Солиҳов Х.М., подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика