Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки самбочиёни «Динамо» дар чемпионати ҷумҳуриявӣ

657

Рӯзҳои 11-12-уми апрели соли 2020 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаб (Манеж)-и шаҳри Душанбе чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гӯштини Самбо байни калонсолон баргузор гардид. Самбочиёни дастаи яккачини «Динамо» дар ин чемпионат фаъолона ширкат варзида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, гӯштингирон Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Маҳмадисо Раҷабов дар вазни 68 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило сазовори ҷойҳои аввали чемпионат гаштанд. Ҳамчунин, аъзоёни дигари «Динамо» Сорбон Сулаймонов дар вазни 68 кило, Зафар Олимшоев дар вазни 90 кило ҷойҳои дуюм ва Сафарбеки Ҳукумалӣ дар вазни 52 кило, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 74 кило мақомҳои сеюмро ишғол намуданд.
Дар чемпионати мазкур варзишгарон аз мактабҳои варзишии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолибон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика