Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳорати варзишгарони наврас дар гӯштини юнону румӣ

655

Варзишгарони навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз намуди гӯштини тарзи юнону румӣ машқу тамрин менамоянд, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумхуриявию шаҳрӣ бомуваффақ баромад намуда истодаанд. 

Аз ҷумла, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2000-2003, ки рӯзҳои 13-14 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гашт, динамочӣ Ҳасан Назаров дар вазни 72 кило ҷойи сеюмро ба даст овард.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи кушоди сатҳи шаҳрии Муассисаи давлатии ММВЗО (Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпӣ) №6-и шаҳри Душанбе байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007, ки рӯзҳои 10-11 апрели соли равон, бахшида ба 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-1945 доир гашт, ду нафар варзишгарони аъзои «Динамо» муваффақ гаштанд. Низом Назарзода дар вазни 57 кило ва Фаррухи Хуршед дар вазни 44 кило мақомоҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии чорабинӣ гардиданд.
Дар ин мусобиқа 12 даста бо теъдоди беш аз 120 варзишгари наврас ширкат доштанд.
Машқу тамринҳои гӯштингирони навраси намуди юнону румиро мураббии ботаҷрибаи «Динамо» Наврӯз Назарзода ба зимма дорад.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика