Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоҳҷоизаи динамочӣ дар гӯштини миллии Восеъ

644

Санаи 12 апрели соли 2020, дар ҷамоати деҳоти Тосқалъаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон гӯштини миллии сатҳи ҷумҳуриявӣ доир карда шуд, ки дар он беш аз 500 нафар паҳлавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ барои қувваозмоӣ гирд омада буданд.
Дар ин чорабинӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» низ хеле фаъолона иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки яке аз шоҳҷоизаҳои гӯштин, яъне автомашинаи сабукравро гӯштингири динамочӣ Саидшоҳ Раҳматуллоев соҳиб гардид. Номбурда, дар даври ниҳоӣ, дар вазни 75 кило тавонист рақиби худ Азиз Мирзоҷамиловро мағлуб сохта, барандаи шоҳҷоиза гардад.
Дар қувваозмоии дигари ҳалкунанда барои автомашина, динамочӣ Шарифҷон Назриев бо Саидҷамол Алимардонов ба майдон баромада, пас аз вақти иловагӣ рақобаташон мусовӣ анҷом ёфт.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика