Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом

641

Рӯзи 25-уми марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар кумитаю идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ гуштини миллии сатҳи ҷумҳуриявӣ доир карда шуд.
Дар гуштини имсола, ки дар он дар чанд дараҷаи синну сол, аз ҷумла байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, калонсолон, инчунин миёни ҷавондухтарон гузаронида шуд, беш аз 300 нафар паҳлавонону хоҳишмандони ин намуди варзиш ҷамъ омада, қувваи бозуи худро санҷиданд. Иштирокчиён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва ғайра омада буданд, ки миёни онҳо гуштингирони номвари кишвар ба монанди Шакармамад Мирмамадов, Ёқуб Боқиев, Фаёз Шейхов, Мақсад Бердиев, Далер Бурчинов, Назар Назармамадов, Комрон Мирзошоев ва дигарон ба майдон баромаданд.
Барои тамошои рафти гуштини миллӣ мухлисони зиёде ҷамъ омада буданд.

642645

Дар маросими кушодашавии гуштини миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгулом, муовини якуми Раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, ӯ низ сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамагонро бо фарорасии фасли баҳори хуҷастапай, ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, бахту саодат таманно намуданд. Ҳамчунин, аз расму оинҳои ниёгонамон ёдовар гашта, қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат, гуштини миллии мо таърихи кӯҳан дошта, миёни хурду калон маҳбубияти хос дорад. Мардуми сарбаланди мо баҳри гулгулшукуфоии диёри зебоманзар, сулҳу субот ва пешрафту ободии кишвар зери парчами парафшони Ватани азизамон беш аз пеш якдилу муттаҳид гаштаанд.
Барои паҳлавонони ғолиб аз номи роҳбари давлат тӯҳфаҳои арзишнок, аз қабили барзагов, телевизор, қолин, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, дучарха, маблағи пулӣ ва дигар таҷҳизоту молу ашёи рӯзгор пешбинӣ шуда буданд.
Ба кӯдакону наврасони ғолиб бошад, дучархаи кӯдакона, куртаи бачагона ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.
Дар қувваозмоии вазни ниҳоӣ Шакармамад Мирмамадов ва Фаёз Шейхов ба майдон баромаданд. Дар ин сабқат Шакармамад Мирмамадов дастболо гашта, сазовори мукофотҳои барзагов, телевизор ва маблағи пулӣ ба миқдори 800 сомонӣ гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ инчунин 15 нафар собиқадорони гуштини миллӣ аз ноҳияи Ванҷ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

643644

Дар фарҷоми чорабинӣ барои иштирокчиёну меҳмонон дастархони идона ороста шуд.
Чорабинии гуштини миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар сатҳи баланд доир гардида, хурсандии махсусан кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика