Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки кормандони ВКД дар чорабиниҳои варзишии наврӯзӣ

634

Дар дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, ки санаи 14 марти соли 2020 аз мавзеи гардиши Товус то наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, кормандону варзишгарони воҳидҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳар ду намуди чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Боиси хурсандист, ки корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Сафархон Абдусалом миёни ҳазорон иштирокчии дави наврӯзӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, сазовори диплом гардид.

635636637

Дар ин чорабинии оммавӣ-варзишӣ, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ гардида буд, намояндагони корхонаю идора ва муассисаҳои мухталифи давлатию ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика