Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми мусобиқаи Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020 байни футболбозони синну соли гуногун

622623

Силсиламусобиқаҳои футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020», ки дар чор синну сол аз 30-юми январ соли ҷорӣ оғоз ёфта буданд, санаи 5-уми март ҷамъбаст гардид.
Ин мусобиқаҳо дар доираи мусобиқаи кушоди (спартакиадаи) Вазорати корҳои дохилӣ бахшида «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021, таҳти шиори «Ободии Ватан – мароми мо!» дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар роҳандозӣ гардида, дар он дастаҳои варзишии беш аз 50 корхонаю идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки бори аввал аст, мусобиқаҳои футболи хурд доираи васеътарро фаро гирифтанд, яъне дархости хоҳишмандонро ба инобат гирифта, бозиҳо дар байни 4 синну сол; наврасон, кормандону варзишгарони ҷавони то 40-сола, аз 40-сола боло ва собиқадорони аз 55-сола боло сурат гирифт.
Барои тамошои мусобиқаҳо ҳаводории дастаи худ мухлисони зиёди хурду калон, алалхусус ҷавонону наврасоне, ки дӯстдори футболанд, ҷамъ омада буданд.
Ҳамин тариқ, даври нимниҳоӣ ва нимниҳоии бозиҳо дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» баргузор гардиданд.
Дар мусобиқаи байни кормандони ҷавони то 40-сола, ки 30 даста мутобиқи қоидаҳои ФИФА бо ҳам дар рақобат буданд, дастаҳои футболбозони «Вавилон», «Динамо»-и ВКД, «Бонки миллӣ» ва «ТВ-Варзиш» ба даврҳои ниҳоӣ баромаданд. Дар бозии барои ҷойи аввал дастаи «Вавилон» бо ҳисоби 4:2 дастаи «Динамо»-ро мағлуб сохта, ғолиби мусобиқа гардид. Дастаи «Бонки миллӣ» бошад, бо ҳисоби калон, яъне 8:2 дастаи «ТВ-Варзиш»-ро шикаст дода, мақоми сеюми мусобиқаро ба даст овард.

624626627

Дар ин мусобиқаи ҷавонон аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ҳакамон ҷоизадорони онро муайян намуданд. Инҳо: мураббии беҳтарин Ҷамшед Исмоилов аз дастаи «Динамо»-и ВКД, дарвозабони беҳтарин Фирӯз Бозоров аз дастаи «Вавилон», муҳофизатгари беҳтарин Наврӯз Толибзода («Динамо»-и ВКД), ҳамлагари беҳтарин Парвиз Ҳусейнов («ТВ-Варзиш»), бозингари беҳтарин Хуршед Маҳмудов («Вавилон»), нишонзани беҳтарин Акбар Мухамедов («Бонки Миллӣ») ва довари беҳтарин Сафаралӣ Маҳмадизода аз ноҳияи Дангара дониста шуданд.
Мусобиқаи байни кормандони синну соли аз 40-сола боло низ хеле ҷолиб гузашт. Дар он 10 даста иштирок намуда, дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ тавонист, зинаи аввали мусобиқаро соҳиб гардад. Варзишгарони ин даста, дастаи «Вавилон»-ро дар даври ниҳоӣ дар бозие, ки қувваҳои ҳар ду даста қариб баробар буданд, бо ҳисоби 6:3 шикаст доданд. Барои дарёфти ҷойи сеюм дастаҳои «Зуҳур» бо «Испечак» ба майдони бозӣ баромада, бо ҳисоби 5:0 дастаи «Зуҳур» дастболо гардиданд.
Дар ин гурӯҳи бозиҳо мураббии беҳтарин Акмал Ҷумаев аз дастаи «Вавилон», дарвозабони беҳтарин Ҷамшед Мусоев аз дастаи «Зуҳур», муҳофизатгари беҳтарин Раҳматулло Фузайлов («Зуҳур»), ҳамлагари беҳтарин Суҳроб Ҳомидов («Испечак»), бозингари беҳтарин Шуҷоат Неъматов («Дастгоҳи марказӣ»-и ВКД), нишонзани беҳтарин Фирдавс Файзуллоев («Вавилон») ва довари беҳтарин Олим Норбоев аз шаҳри Душанбе эълон гардиданд.

628629630

Дар мусобиқаи байни кормандони собиқадору собиқадорони синну соли аз 55 боло, ки 5 даста бо таври даврӣ бо ҳам бозӣ мекарданд, дастаи «Авиатор» мақоми аввал, дастаи Агентии обуҳавошиносӣ ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи миёни наврасони синну солашон аз соли 2007 боло 8 даста ширкат варзиданд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ, дастаи футболбозони навраси «Горди Миллӣ» ҷойи якум, дастаи «Спартак»-и ВКД ҷойи дуюм ва дастаи «Зуҳур»-и ШҶ «Динамо» мақоми сеюмро ноил гардиданд.
Дар ин синну сол, дарвозабони беҳтарин Муҳаммадюнус Исмоилов аз дастаи «Лазиз», муҳофизатгари беҳтарин Ғоибҷони Ҷумахон аз дастаи «Зуҳур» ва бозингари беҳтарин Исмоил Раҳимов аз дастаи «Зуҳур» дониста шуданд.
Ғолибони мусобиқаҳо бо Ҷому диплом, медалу ифтихорономаҳо ва бозингарони беҳтарин бо тӯҳафҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҳарбӣ ва варзишӣ Ориф Ҷӯраев, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анвар Мирзоев, муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ дар фазои тантанавӣ супориданд.

631632633

Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, устувор намудани робитаҳои дӯстию рафиқӣ байни ҷавонону наврасон, варзишгарону кормандони касбу кори гуногуни корхонаю идораҳои кишвар ташкил ва гузаронида шуд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика