Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шашкабозӣ дар СХДО ВКД

615

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар тамоми ҷузъу томҳо ба онҳо тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.
Дар ин замина, бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсат ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи модар, санаи 5-уми марти соли равон дар СХДО ВКД мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба шашка дар байни кормандзанони ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ гарнизони Душанбе баргузор карда шуд.
Мусобиқа хеле ҷолиб ҷараён гирифта, тамошобинонро ба ваҷд овард. Бозии ҷолиби иштирокчиёни мусобиқа аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар яки онҳо ба чорабинии варзишӣ шаҳодат медод.
Дар ҷамъбасти мусобиқа аз тарафи ҳайати доварон ҷойи аввал ба радиоалоқачии басти навбатдории қисми 25-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун сержанти хурди хизмати дохилӣ Файзалиева Гулру Маҳмадовна, ҷойи дуюмро ба радиоалоқачии басти навбатдории қисми махсуси минтақавии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКДсержанти хурди хизмати дохилӣ Уроқова Бибиҳамро Салимовна ва ҷойи сеюмро ба муаллимаи калони кафедраи Муассисаи давлатиии таълимии Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ВКД майори хизмати дохилӣ Тураева Ҳусноро Абдулаҳадовна сазовор дониста, аз ҷониби муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Холзода Хол Барот ба ғолибони мусобиқа медал, Ифтихорнома, Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба шашка дар байни кормандзанони ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ гарнизони Душанбе радиоалоқачии басти навбатдории қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сержанти хизмати дохилӣ Алиева Дилбар Холматовна ва радиоалоқачии басти навбатдории қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ҶСК Ширкати алюминии тоҷик сержанти хурди хизмати дохилӣ Сатторзода Рухшона Норқул бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

616

Тавре муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД подполковники милитсия Шарифзода Шариф иброз дошт, варзишгарони Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он дар тамоми мусобиқаҳои байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварда истодаанд. Боиси хушнудист, ки санаи 4 март низ дар мусобиқаи шахсӣ-даставии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди тениси рӯи миз дар байни кормандзанони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ радиоалоқачии Қисми махсуси минтақавии СХДО ВКД сержанти хурди хизмати дохилӣ Бибиҳамро Уроқова, дар байни ҷавонони то сини 35 сола, ҷойи 2-юм ва радиоалоқачии Қисми мустақили 5-уми ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сержанти хизмати дохилӣ Меҳриниссо Имомбердиева, дар байни иштирокчиёни аз сини 35 сола боло, ҷойи 3-юмро ишғол намуда, бо Диплому Ифтихорнома ва Ҷому тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика