Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни корманд-занон

604

Имрӯз (04.03.с.2020), дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили иди «Рӯзи Модар» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯи миз байни корманд-занони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки ин намуди варзиш байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус корманд-занон хеле маҳбубият дошта, миёни онҳо варзишгарони номвар низ кам нестанд.
Дар мусобиқаи варзишӣ беш аз 30 нафар корманд-занони варзишгари сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Иштирокчиён дар ду гурӯҳи синну сол: то 35-сола ва аз 35-сола боло бо ҳам рақобат намуданд.
Мусобиқа хеле ҷолибу шавқовар баргузор гашт. Доварони ботаҷриба рафти мусобиқаро назорат ва баҳогузорӣ карда, ғолибону беҳтаринҳоро муайян намуданд.

605606

Ҳамин тавр, дар гурӯҳи синну соли то 35-сола мақоми аввалро сардори котиботи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД Мавҷуда Хисравзода, ҷойи дуюмро Бибиҳамро Уроқова намояндаи - Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорат ва ҷойи сеюмро Интизор Фатҳуллоева аз дастаи Академияи ВКД ба даст оварданд.
Дар гурӯҳи корманд-занони аз 35-сола боло корманд-зани Раёсати таҳқиқ Зебо Исматшозода дастболо гардида, ҷойи якумро соҳиб гардид. Ҷойи дуюмро Заррина Маҳмадназарова - корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва мақоми сеюмро Меҳринисо Имомбердиева намояндаи дигари Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ соҳиб гаштанд.
Аз натиҷаи мақомҳои бештари ғолибият ва иштироки фаъоли варзишгарон дастаҳои ғолиб низ муайян шуданд. Ҷойи якумро Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, ҷойи дуюмро Раёсати таҳқиқ ва ҷойи сеюмро Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ишғол намуданд.
Ба дастаҳои ғолиб Ҷому диплом ва варзишгарони пешсафи мусобиқа медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотӣ тақдим карда шуданд.

607608609

Тӯҳфаҳоро ба ғолибон дар маросими тантанавӣ мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба омодагии ҷангӣ ва варзиш полковники милитсия Ориф Ҷӯраев ва муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён супорида, ҳамзамон корманд-занони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занону модарони азизи кишварро бо фарорасии фасли баҳор ва иди «Рӯзи модар» табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборию комёбӣ, солимӣ, хонаободию бахту саодат таманно намуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика