Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ дар қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилӣ

390

Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи қисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзҳои 22-23 феврали соли равон, дар байни ҳайати афсарону сарбозони ротаҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили дастхобонӣ, шашка, турниккашӣ ва бандкашӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

391392

Дар ин чорабиниҳои варзишӣ иштирокчиён қувваю маҳорати худро санҷида, барои ба даст овардани ғолибият кӯшиш ба харҷ доданд. Аъзоёни ҳакамон натиҷаи бозиҳоро одилона баҳогузорӣ намуда, ғолибони инфиродию даставии мусобиқаҳоро муайян намуданд.
Бозиҳои варзишӣ махсусан дар қисмҳои низомии 5453, 3501 ва 3502 хеле ҷолибу диданӣ гузаронида шуданд.

393394

Аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ғолибони даставии мусобиқаҳо бо Ҷому диплом ва ғолибони инфиродӣ бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика