Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ

395

Дар доираи мусобиқаи кушоди (спартакиадаи) Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ -2020»,таҳти шиори «Ободии Ватан – мароми мо!» рӯзи 22-юми феврали соли 2020 дар толори бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин миёни бонувон ва наврасон дар алоҳидагӣ доир карда шуданд.
Мусобиқаҳо байни мардҳо аз рӯи системаи швейтсарӣ ва байни бонувону наврасон бо таври даврӣ доир карда шуданд. Дар мусобиқаҳои мазкур, дар умум 21 дастаи мақомоту идораҳо бо теъдоди беш аз 140 нафар ширкат варзиданд.
Бояд зикр намуд, ки шумораи иштирокчиён назар ба соли гузашта зиёдтар гардида, махсусан ҷавонону наврасон бештар буданд. Ба ин намудҳои варзиши зеҳнӣ дар кишвар сол аз сол таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаҳо мутахассисони соҳа, зери роҳбарии Раиси Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе Юнусов Илҳом Муҳаммадиевич даъват карда шуданд, ки бозиҳоро хеле хубу холисона гузарониданд.

396397398

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шашка ҷойҳои аввалро миёни мардҳо Эраҷ Зоиров - намояндаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, дар байни бонувон Лола Исмоилова аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва миёни наврасон аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Садриддини Хисрав ишғол намуданд. Ҳамчунин, намояндагони дигари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Алишер Каримов дар мусобиқаи шоҳмот байни мардҳо, Мутриба Ҳотамӣ байни бонувон ва байни наврасон Абророва Сабрина – аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мақомҳои ғолибиятро ба даст оварданд.
Аз рӯи ҷамъбасти дастовардҳои ғолибон дар намуди шашка дастаи варзишгарони Вазорати корҳои дохилӣ мақоми аввал, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мақоми дуюм ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот бошад, дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон зинаи аввал, Вазорати корҳои дохилӣ мақоми дуюм ва Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпии №7 шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаҳо намояндагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҶДММ «Вавилон», Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳо нисбатан фаъол буданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ба ғолибони мусобиқаҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, диплом, медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

399400401402403

Мукофотҳоро ба ғолибон дар маросими тантанавӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо ва донишгоҳҳои кишвар супориданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика