Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бо иштироки варзишгарону волидайн

580

Дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар дар самти таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуб ва ҳидоят намудан ба дӯстию рафиқӣ ва муттаҳидӣ дар саросари ҷумҳуриямон чорабиниҳои мухталифи маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда мешаванд.
Чунин як чорабинии хотирмон санаи 1-уми феврали соли 2020 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо бо иштироки доираи васеи варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо ва волидайни онҳо баргузор карда шуд.
Қабл аз қисмати асосии чорабинӣ ширкаткунандагон бо имкониятҳои маҳфилҳои гуногуни сайқал додани маҳорати Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, аз қабили рассомӣ, клуби фарзин (шашкаю шоҳмот), технологияи информатсионӣ, конструктори наврас, робототехника, рақсу мусиқӣ, забономӯзӣ, таъриху адабиётшиносӣ, китобхонаи барҳаво ва ғайра шинос гардиданд.
Чорабинии маърифатӣ-фарҳангиро бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комил Раҳимӣ ифтитоҳ бахшид. Зимни суханрониаш мавсуф қайд намуд, ки боиси қаноатмандист, ки шаҳрвандони кишвар нисбати мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта бетараф нестанд ва дар тарбияи наврасон, мубориза бар зидди ҷинояткорию қонуншиканӣ ва пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуб корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ дар ҳамбастагию якҷоягӣ бо ҳам фаъолият мекунанд.

581582

Сипас, дар кори ҷамъомад муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ дар мавзӯи «Нақши варзиш дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон» баромад намуда, роҷеъ ба дастоварду муваффақиятҳои варзишгарони кишвар ва аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», одоби варзишгар, шароиту имкониятҳои варзишии бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир муҳайёкардашуда, инчунин тавассути варзиш саҳм гузоштан дар рушду пешрафт ва ободи диёри азизамон ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки тавассути варзиш ҷавонону наврасон на танҳо аз кирдорҳои ғайриқонунию беҳудагардӣ дур мегарданд, балки бо такмили маҳорати хеш ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, дар ҷамъият соҳибобрӯ, номбардори кишвар, мактаб ва волидайни хеш мешаванд.
«Боварӣ дорем, наврасону ҷавонони кишвар, аз ҷумла варзишгарони аъзои «Динамо» ва таеквондочиён ҷавобан ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имкониятҳои муосирро самаранок истифода намуда, бо машқу тамрини пайваста соҳиби ҷоизаю мартабаҳои баланд мегарданд» - қайд намуд, Аслиддин Шоҳиён.
Дар идомаи чорабинӣ нозири калони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Нуқра Ибрагимова дар мавзӯи «Иқдомҳои роҳандозинамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирии оворагардию беҳудагардии ҷавонону наврасон» мухтасар баромад намуд. Номбурда, аз омори даст задани ҷавонону наврасон ба қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо, беҳудгардию дур шудан аз таҳсил маълумотҳо оварда, зикр намуд, ки дар ин раванд, гарчанде таълиму тарбия аз оила оғоз ёфта, дар мактаб рушду такомул меёбад ва минбаъд аз худи шахс вобастагӣ дошта бошад ҳам, бояд тамоми аҳли ҷомеа бетараф набошад. Махсусан волидайн, омӯзгорону мураббиён аз ҳолу аҳволи наврасон доим бохабар буда, бо маслиҳату корҳои фаҳмондадиҳии судбахш нагузоранд, ки онҳо ба беҳудгардию фориғболӣ роҳ дода, аз донишу варзиш дур гарданд.
Ҳамчунин, дар мавзӯи «Таълиму тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» директори Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо Ҳалим Набиев баромади пурмуҳтаво намуд.

583584

Дар қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабинӣ аз ҷониби наврасони таълимгирандаи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакони ш.Душанбе» барномаи консертӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Солиҳов Х.М., подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика