Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомҳои фахрии варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаи гӯштини дзю-до

126

Дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқа оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон, барои дарёфти «Ҷоми Парвиз Собиров», ки рӯзҳои 25-26-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуда, ду мақоми фахриро ишғол намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 100 кило мақоми аввал ва Арҷуман Саидов дар вазни 81 кило зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Қобили зикр аст, ки варзишгарони аъзои «Динамо» дар риштаи гӯштини дзю-до таҳти роҳнамоии мураббиёни таҷрибадор пайваста ба машқу тамринҳо машғул буда, ба мусобиқаҳои дарпешистода омодагии хуб мебинанд.
Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика