Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти навбатии курсантдухтари Академияи ВКД дар Ҷоми ҷаҳон

571

Миҷгона Самадова аз зумраи курсантдухтарони фаъоли Академияи ВКД буда, бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мнамояд. Ӯ ҳамчун як фарди ватандӯст ва содиқ ба касби пешанамудаи худ варзишгари боистеъдод буда, дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ мудом парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардорад.
Инак рӯзҳои 10-15-уми декабри соли равон дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов мусобиқаи 17-уми Ҷоми ҷаҳон аз намуди бокси касбӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндаҳои 26 давлатҳои дунё иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа курсанти курси сеюми Академияи ВКД, Миҷгона Самадова муаррифӣ намуда, соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардида, шарафи ВКД ва Академияро дар доираи давлатҳои дунё боло бардошт.

572573574

Роҳбарияти ВКД ва Академия мудом баҳри тақвияти варзиш ба кормандони он мусоидат намуда, бо ин ғолибияти навбатӣ Миҷгона Самадоваро табрику танҳият гуфта, ғалабаҳои нав ба навро ба ин курсантдухтари ҷасур таманно доранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика