Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Норак

516

Рӯзи 15-уми ноябри соли 2019 даври финалии мусобиқаи варзишӣ дар намуди футболи хурд байни ҷавонони ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. 

Мусобиқа бо ташаббуси роҳбарияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Шуъбаи мазкур баргузор гардида, дар он 8 даста иштирок намуданд, ки аз инҳо 7 даста аз ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва 1 даста аз деҳаи Розиёни ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара иборат буд.

517518

Ҷавонону наврасон дар мусобиқаҳо фаъолона иштирок намуда, барои ишғол намудани ҷойҳои сазовор ҷаҳду талош варзиданд.
Дар маросими пушидашавии мусобиқа бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Норак подполковники милитсия Азамзода Зайниддин, муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳимова Нигина ва Ҳамоҳангсози барномаи "Устувории ҳамкории милитсия бо ҷомеа" дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» Баротов Шаҳриёр иштирок намуданд.

520519521

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон ба ғолибони мусобиқа Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика