Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқу тамрини варзишгарони шиновар барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ

505

Тавре қаблан иттило дода будем, рӯзҳои 4-17-уми ноябри соли 2019 аъзоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Екатерина Бордачёва ва Рамзиёрзода Саддам таҳти роҳбарии мураббии ботаҷриба Чингизов Алишер дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар пойтахти давлати Қатар шаҳри Доҳа иштирок менамоянд.

Айни замон, ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар маркази олимпии давлати Қатар идома дошта, варзишгарони шиновар дар он ҷо барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва обутоби ҷисмонӣ машқу тамрин менамоянд.

506507

Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика