Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи волейбол дар СХДО

501

Бахшида ба ҷашни Иди касбии кормандони милитсия дар майдончаи варзишии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Сарраёсат оид ба волейбол дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.

Дар мусобиқа 12 дастаи волейболбозон аз ҷузъу томҳои СХДО ВКД фаълона иштирок намуданд. Тайёрии хуби варзишгарон ба мусобиқа буд, ки бозии байни дастаҳо хеле ҷолиб ҷараён гирифта, ба тамошобинони мусобиқа шодию ҳаловати зиёд бахшид.
Доварони мусобиқа, аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тайёрӣ ва маҳорати хуби волейболбозон, инчунин ба ҷо овардани ҳурмати байниякдигарии онҳо дар мавридҳои баҳси варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рафти мусобиқа холисона ва хели ҷиддӣ доварӣ намуданд.
Мусобиқаи волейбол дар СХДО ВКД ду рӯз давом намуд. Дар комёбиҳои умумидаставӣ ҷойи якумро дастаи қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, ҷойи дуюмро дастаи қисми мустақили 13-уми ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро дастаи курсантони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ишғол намуда, бо Ҷоми СХДО ВКД ва диплом мукофотонида шуданд.

502

Инчунин барои омодагӣ ва иштироки фаъолона дар баргузории мусобиқа мураббии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» капитани хизмати дохилӣ Бахтиҷамолзода Сабур, дастаи ҚМ 14-уми ҲХДО оид ба муҳфизати шаҳри Ваҳдат ва дастаи ҚМ 15-уми ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика