Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали гӯштингири наврас дар мусобиқаи байналмилалӣ

00175

Гӯштингири навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Ҳасан Саломов дар мусобиқаи байналмилалии кушод оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасон, ки рӯзҳои 21-22-юми сентябри соли равон дар ноҳияи Панфилови вилояти Чуйи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Номбурда, дар вазни 40 кило ҳарифони ҳамсоли худро мағлуб сохта, ба Ватан бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок баргашт.
Боварӣ дорем, дар оянда низ, ин варзишгари умедбахш маҳорати варзишии худро такмил дода, парчамбардори кишвари хеш хоҳад гашт.
Х.Солиҳов

 

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика