Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати фаъолонаи гӯштингирони наврас дар мусобиқахои ҷумҳуриявӣ

404

Гӯштингирони навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, ду нафари онҳо мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Аҳлиддин Мақсудов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2005, ки дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзҳои 27-28-уми сентябри соли равон доир гардид, дар вазни 75 кило миёни рақибони худ ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло шуд.
Динамочии навраси дигар Лоиқи Шералӣ бошад, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзю-до миёни наврасони солҳои таваллуди 2006-2008, ки дар тайи ин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд баргузор гашт, дар вазни 35 кило мақоми сеюмро сазовор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки варзишгарони номбурда таҳти дастпарварии мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Иззат Худоиев машқу тамрин намуда, пайваста дар пайи такмили маҳорати касбию варзишии хеш мебошанд.
Х.Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика