Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи шоҳмотбозони дастаи ВКД дар марҳилаи сеюми мусобиқа

011

Дар боғи ба номи Куруши Кабири пойтахт, рӯзҳои 20-21-уми сентябри соли равон, марҳилаи саввуми мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар он шоҳмотбозони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ иборат аз 7 нафар ширкати фаъолона намуда, дар баробари варзишгарони беҳтарини пойтахт бозиҳои хуб нишон доданд.
 009

Аъзоёни навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Абророва Сабрина ва Ҷалолиддини Илҳомӣ дар байни ҳамсолони навраси то 14-сола ғолиб омада, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд. Ҳамакнун, номбурдагон дастаи Вазорати корҳои дохилиро дар даври охир намояндагӣ хоҳанд намуд.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика