Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кикбоксинг байни наврасону ҷавонон

01

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2019 аз ҷониби Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби варзиши намуди кикбоксинг дар байни варзишгарони хурдсол, наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишӣ, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба «кикбоксинг» барои дарёфти «Ҷоми Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон» байни кӯдакону наврасон ва ҷавонони солҳои таваллуди 2000-2009 доир карда шуд, ки дар он варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Мусобиқа дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» баргузор гардида, дастаҳо аз клубҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, ноҳияҳои Ёвону Фархор бо теъдоди беш аз 80 нафар варзишгари худро пешниҳод намуда буданд.

02

Дар маҷмӯъ миёни варзишгарон дар 18 дараҷаи вазн қувваозмоӣ сурат гирифт. Варзишгарони наврасу ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи мазкур бо ширкати фаъолонаи худ 5 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорномаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.

03

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика