Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб

465

Рӯзҳои 5-7-уми сентябри соли 2019 бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид, ки варзишгарони шиновар аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар ин мусобиқа бо дастгирии роҳбарияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мусобиқа варзишгарони Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ"-и шаҳри Душанбе аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бо медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба Исломов Умед, ки яке аз ғолибони ин мусобиқа гардид, шаҳодатномаи Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Бардачёва Екатерина ва Туйчиев Азамат ҳуҷҷати номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

466467468469

Дар ҷараёни мусобиқа ҳамчунин бо варзишгарони шиновар, ки ба шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ташриф оварда буданд, суҳбат дар мавзӯъҳои "Истиқлолият неъмати бебаҳост" ва "Допинг ва зарари он ба саломатӣ" гузаронида шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика