Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаи кушоди «панкратиони муосир»

461

Рӯзи 15 сентябри соли 2019, бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз намуди «панкратиони муосир» миёни варзишгарони наврасу ҷавонон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи панкратиони муосири ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ доир карда шуда, дар он 11 дастаи мактабу маҳфилҳои варзишӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо теъдоди беш аз 80 варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарони иштирокчӣ дар панҷ синну сол (аз 9 то 18-сола ва аз он боло) ва вазни мувофиқ бо ҳам рақобат намуданд.
Бояд зикр намуд, ки варзишгарони наврасу ҷавони аъзои ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона ширкат карда, 5 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Варзишгарони ғолиби мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

462463464

Чуноне, ки масъулини мусобиқа иброз доштанд, мақсади ташкил ва баргузории чорабинии варзишии мазкур баланд бардоштани фарҳанги варзишӣ, мусоидат дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа ва такмили маҳорати варзишии ҷавонону наврасон мебошад.
Хисрав Солиҳов
подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика