Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвози самимонаи шоҳмотбози ғолиб

459

Рӯзи 12-уми сентябри соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгардухтари навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Сабрина Абророваро хешу наздикон, намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Васоити ахбори омма пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Сабрина Абророва шоҳмотбози наврасу умедбахш 7-уми сентябри соли 2019 дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот, ки дар пойтахти Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ баргузор гардид, ширкат варзида, миёни духтарони 14-сола аз се намуди сабқати шоҳмот, бо ду медали нуқра ба Ватан баргашт.

460

Номбурда, дар намуди зудбозӣ (рапид) ва классикӣ дар 9 давр 7 хол гирифта сазовори ду ҷойи дуюм гаштааст.
Дар мусобиқаи байналмилалии мазкур 336 шоҳмотбоз аз 10 кишвари Осиё ширкат варзида, варзишгарони синни аз 6 то 20-сола бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика