Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

1783

Рӯзи 29-30-юми марти соли 2021 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. барои кормандони ШВКД дар ноҳияи Файзобод ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Шарифзода Хушбахт оғоз гардида, мавсуф қайд намуд, ки ислоҳоти милитсия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери назорати қатъии Вазири корхои дохилӣ амалӣ гардида истодааст.
Мавриди қайд аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот ин тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад.
Дар давоми семинари дурӯза омӯзиши мавзӯъҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти милитсия, принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, муошират, рафтор ва зебоипарастии кормандони милитсия, муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳали он, самтҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа, қоидаи муносибат бо ҷабрдидагон, ҳуқуқвайронкунандагон ва шахсони бо милитсия ҳамкорикунанда, ҳисоботдиҳии милитсия дар назди ҷомеа ва дигар мавзӯъҳо ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон кормандони милитсия мушкилоти ҷойдоштаро ба муҳокима гузошта, фикру ақидаи шаҳрвандонро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомеа ва аз байн бурдани чунин мушкилот гӯш намуданд.

17841785

Ҳамин гуна чорабинӣ рӯзи 31-уми марти соли равон дар ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ низ баргузор шуда, кормандони милитсия ва аҳли ҷомеа ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва дар якҷоягӣ бартараф намудани мушкилоту ҳуқуқвайронкуниҳо фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Дар хотимаи чорабиниҳои омӯзишӣ ба ҳамаи иштирокчиён «Роҳнамои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва дигар маводҳои тақсимотӣ тақдим карда шуд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика