Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Хоруғ оид ба ислоҳоти милитсия чорабинӣ доир гардид

329

Баҳри амалигардонии ислоҳот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид. 

330

Дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он» низ тасдиқ гардид. Дар самти амалигардонии фармон ва барномаи мазкур дар ВМКБ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ба фаъолият шурӯъ кард. Илова бар ин аъзои Шӯрои мазкур дар давраи фаъолияташ оид ба ислоҳоти милитсия пайваста дар шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Бо ташабббуси роҳбарияти ВКД ва дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ оид ба ислоҳоти милитсия чорабинӣ доир гардид. Ин чорабиниро намояндаи Шӯрои ҷаъмиятӣ дар назди РВКД дар ВМКБ оғоз бахшида оиди корҳои ба анҷом расонидаи Шӯрои ҷаъмиятӣ суханронӣ намуд.
Сипас муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам баромад намуда, қайд кард, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талоши роҳбарияти ВКД дар давоми чанд соли охир дар миқиёси ҷумҳурӣ бинову иншоотҳои мақомоти корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, айни замон сохтмони иншоотҳои хурду калони маъмурию хизматии ВКД идома доранд.

331332333

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷаъмона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Мавриди қайд аст дар ин чорабинӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷаъм омада, доир ба ин барнома фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад доир ба амалишавии ин барнома таклифу пешниҳодҳо иброз гардиданд.
Мавлонзода Ҷ.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика