Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ

86

Дар доираи ислоҳоти милитсия ва тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо мардум рӯзи 10-уми апрели соли 2019 бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ШВКД дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ гардид.

Дар маросими кушодашавии дафтари кории Шӯрои ҷамъиятии мазкур кормандони ШВКД дар ноҳияи Ванҷ, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

87

Мавриди қайд аст, ки дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаи кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва зӯроварӣ дар оила мусоидат менамояд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика