Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Шӯрои ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон

75

Ҳафтаи сипаришуда дар РВКД вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи аввали соли 2019-и Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ёвари сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Қаландарзода Музаффар, намояндагони САҲА дар Тоҷикистон ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия Лоҳутӣ Шоҳназаров оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Дар пешниҳоди ҳисобот асосан ба масъалаҳои чорабиниҳои баргузоргардида таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуда, фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар зарфи 3 моҳ хуб арзёбӣ гардид.

7677

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ 19 маротиба вохӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва бо аҳли ҷомеа гузаронида шудааст, ки дар онҳо 2472-нафар аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб гаштаву дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъол мебошанд.
Баротов Шаҳриёр ҳамоҳангсози гурӯҳи татбиқи фаъолиятҳо, оиди нақшаи профилактикӣ маълумот пешниҳод намуда, дар доираи нақшаҳои профилактикии Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳо оид ба зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон баррасӣ гардиданд.
Ёвари сардори РВКД дар вилояти Хатлон Қаландарзода М. доир ба нақшаву дурнамо ва фаъолияти Шӯро изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки барои дар амал татбиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кормандони Раёсат, шуъбаҳо ва нозирони тартиботи ҷамъиятӣ бояд бо аъзоёни Шӯро ва аҳолӣ ҳамкориро бештару беҳтар намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа даъватшудагон ва иштирокдорон фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Офоқ Қодириён




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика