Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти дарсӣ перомуни ислоҳоти милитсия

61

Рӯзи 9-уми феврал тибқи нақшаи тасдиқгардида бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ҷиҳати омӯзиши «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 - 2020» барои ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсат машғулияти мукаммали иловагӣ гузаронида шуд.

62

Мавзӯи дарсӣ аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилӣ-нозиротии Раёсат полковники милитсия Раҳимҷон Абдувалиев омода гардида, зарурияти қабули Стратегия ва Барнома, муҳтаво ва моҳияти ҳарду ҳуҷҷат ҳамчун қутбнамои расидан ба ислоҳоти милитсияро ба кормандон фаҳмониданд.

Зимни машғулият оид ба муқаррароти дар Стратегия ва Барнома дарҷ гардида, самтҳои асосии ислоҳот ва раванди амалишавии он маълумот дода, гуфта шуд, ки ибтикороти мазкур барои давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти милитсия, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир нигаронида шудааст. 

63

Ҷоиз ба таъкид аст, ки «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014 - 2020» мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мақсаду бартарияти ислоҳотро муайян ва самти рушди милитсияро нишон медиҳад. Бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба таъмини бехатарии ҷомеа афзалият дода вазифаҳои хизматӣ дар МКД ба талаботи замони муосир мувофиқ карда мешавад. 

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади такмил додани омодагии ҳайати шахсӣ ба ислоҳоти милитсия гузаронидани машғулиятҳои иловагиро ҷиҳати омӯзиши Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия муҳим меҳисобад. Зеро барои ҳар як корманд огоҳ будан аз муқаррароти санадҳои мазкур ба он боис мешавад, ки барои фаъолияти минбаъда дар сафи мақомот омодагӣ бинад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика