Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими таҷҳизот барои пешбурди кору хизмат

204

Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъмиру таҷдид ва биноҳои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, бо техникаву таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз ва шароити кориву маишии кормандон беҳтар гардидааст.

Дар доираи амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия, рӯзи 30-юми январ аз ҷониби Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманай, мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ ва ислоҳоти милитсияи САҲА Дмитрий Капортсев ба Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД як қатор таҷҳизоту лавозимоти муосири криминалистӣ тақдим карда шуд.

Баҳри хубтару беҳтар гардонидани самти фаъолияти кормандони раёсати мазкур ва ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шудан таҷҳизотҳо барои озмоиши тири силоҳи оташфишон, заррабин, дастгоҳи сабти навор дар ҷойи ҳодиса, дастгоҳи ташхиси маводи нашъаовар ва дигар таҷҳизоти марбут ба самти мазкур тақдим карда шуд.

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Исломаз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти дафтари САҲА барои ҳамкориҳои судманд ва кӯмаку дастгириҳояшон арзи сипос намуда, иброз дошт, ки дар раванди амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия як қатор чорабиниҳо доир гардида, ҷонибҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

205

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманай ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуда, зикр кард, ки итминон дорам таҷҳизотҳои дастрасшуда дар пешбурди самти фаъолияти кормандони ташхисӣ-криминалистӣ нақш мегузоранд.

Дар ин раванд дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр ва намояндагони Дафтари САҲА бо сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ  оид ба раванди таҳсили курсантон, барномаҳои омӯзишӣ ва таҷҳизотҳои омӯзишии дастрасгардида доир гардид.

206207

Бояд қайд кард, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби намояндагии Дафтари САҲА дар Душанбе ба Академияи ВКД таҷҳизоту лавозимоти омӯзишӣ, компютер, принтери лазерӣ, дастгоҳи аксбардорӣ, бордонҳои ташхисӣ-криминалистӣ, ки ҳангоми муоинаи ҷойи ҳодиса истифода менамоянд ва дар умум ба маблағи 565 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимотҳои кориву омӯзишӣ тақдим карда шуд. 

Раҷаббек ИЛЁСОВ 

 

Тоҷиддин ЛАТИПОВ

 

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика