Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба бо Давлати Мисри Араб

22

13-уми марти соли равон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иҳоб Аҳмад Талъат Наср ва котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Арабии Миср дар шаҳри Москва Усмон Маҷдӣ вохӯрӣ доир намуд.

23

Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони давлати Мисри Арабро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷониба дар арсаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст. Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои арабӣ дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои характери трансмиллидошта табодули назар карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Шукурова Рухшона




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика