Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия

52

Рӯзи 4-уми феврал дар доираи амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо намояндагони ташкилоти мустақили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Госселин ва Девид Ливи вохӯрӣ намуд.

Номбурда зимни вохӯрӣ меҳмононро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки барояшон сафар ба Тоҷикистон бо хотираҳои нек нақш хоҳад баст.
Зимни суҳбат оид ба раванди Барномаи ислоҳоти милитсия, Стратегияи ислоҳоти милитсия, нақшаи чорабиниҳои иҷрогардида, аз қабили таъсиси воҳидҳои корӣ дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба зӯроварӣ дар оила, робитаи зичи нозирони минтақавӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, таъсиси Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур ва ҳамкориҳои судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати ИМА, ки дар доираи санадҳои баимзорасида ба роҳ монда шудааст, ибрози андеша карда шуд.

5354

Намояндагони ташкилоти мустақили ИМА дар навбати худ аз қабулу меҳмоннавозии миллати тоҷик ва пазироии роҳбарияти ВКД арзи сипос намуда, иброз доштанд, ки «мо аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва иҷроиши нақшаи чорабиниҳои раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз ҳастем ва боварӣ дорем, ки роҳбарияти ВКД баҳри иҷроиши ин барнома тамоми имкониятҳоро амалӣ намуда истодааст. Дар навбати худ мо низ сайъ менамоем дар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта саҳми худро гузорем».

Раҷаббек ИЛЁСОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика