Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баимзорасонии Ёддошти ҳусни тафоҳум байни ВКД ва Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон

195

Рӯзи 28-уми декабри соли 2018, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Сафарзода Нуралӣ Мирзошариф ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Нахуст муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ба роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои судманд ва манфиатбахш дар умури паноҳандагон ва ҳамчунин оид ба масъалаҳои омоданамоӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

196

Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) ва Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон (UNHCR)-ро имзо намуданд.
Зикр гардид, ки Ёддошти ҳусни тафоҳуми мазкур ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Дар навбати худ роҳбари Намояндагии Раёсати мазкур ҷаноби Вито Трани барои пазироии самимӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика