Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили ҳамкориҳо бо намояндагони Федератсияи Россия

192

Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо муовини раиси Кумита оид ба мудофиа ва амнияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Козлов Михаил Василевич ва ҳайати гурӯҳи кории онҳо, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ намуд. 

193194

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом меҳмононро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар пешбурди корашон барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки бо ташаббус ва ибтикори сарони ду кишвари бо ҳам дӯст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ ва равобити қавӣ қарор доранд.
Зикр гардид, ки дар ҳошияи дӯстии ин давлатҳо миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия даҳҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки то ба имрӯз дар тамоми самтҳои фаъолият ин ду сохтори қудратӣ, баҳри ошкору пешгирии ҷиноятҳо, рафъи хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муайяну дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, инчунин мубодилаи таҷриба ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар навбати худ муовини раиси Кумита оид ба мудофиа ва амнияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Козлов Михаил Василевич зикр кард, ки воқеан дар рушду нумӯъ, пешравиву дастовардҳо ва ҳамкориҳои бениҳоят зичи кишварҳоямон Роҳбарони ҳарду давлат саҳми беандоза доранд.

191

Ҳамчунон зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа танҳо дар ҳамбастагию ҳамкорӣ метавон чораҳои муассир андешид.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин вохӯрӣ барои боз ҳам қавитар гардидани доираи ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард.
Раҷаббек Илёсов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика