Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар

181

Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар доир гардид.

182183

Дар ин вохӯрӣ Котиби генералии Давлати Қатар, генерал Муҳаммад Абдулло Шаҳвонӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш иборат аз 5-нафар, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, иштирок намуданд.
Сараввал, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш. меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки мардуми Тоҷикистону Давлати Қатар бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, баррасӣ гардиданд.
Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

184

Дар анҷоми чорабинӣ бо боварӣ иброз гардид, ки чунин ҳамкориву робитаи зичи мақомоти корҳои дохилии ду давлат барои пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва эсктеримистидошта мусоидат намуда, барои дастгир намудани нафарони дар ҷустуҷӯ буда, шароит фароҳам меорад.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика