Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

180

Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Джунушалиев Кашкар Астаканович вохӯрӣ доир намуд.

Мақсад аз вохӯрии ҷонибҳо қавӣ намудани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, мусоидат намудани мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар оид ба ҳамкориҳои марзии ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя ва инчунин омӯзиши самтҳои кории кормандони мақомотҳои корҳои дохилии тарафайн иборат буд.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ ва терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима, Вазирони ҳарду ҷониб аз ин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ мулоқоти худро хотима бахшиданд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика