Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди муносибатҳои судманд бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии JICA -и Ҷопон

133

Рӯзи 1 ноябри соли 2018, вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ҶАЙКА (JICA)-и Ҷопон - директори генералии Департаменти Раёсати бехатарии Қароргоҳ-ситод ҷаноби Митсуаки Фурукава, роҳбари JICA дар Тоҷикистон ҷаноби Хидеке Танабе ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.

134

Дар оғози вохӯрӣ Умарзода Икром Ислом ташрифи меҳмононро ба Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ҷопон пайваста рушду густариш ёфта, дар ин самт беш аз 30 созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расонида шудаанд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, силоҳ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар охир, ҷонибҳо ҳамчунин дар самти мубодилаи таҷриба, иттилоот ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ибрози андеша намуданд.
Наргис Сангинова




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика